Ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратӣ

28.02.2020

РӮЗНОМАИ

ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

(12 феврали соли 2020, 09:00)

1. Оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ


Баромадкунандагон:

- Ҳамрализода Фаррух - котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

- Ян Питер Олтерс - раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон;

- Негматуллоева Равзабону - намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯро, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ресандаи Тоҷикистон».

2. Муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ


Баромадкунандагон:

- Салимзода Амонулло - вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Сабине Олдҳоф - роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон;

- Гучгелидев Олег - роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон;

- Шомуродов Умед - роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон.

3. Оид ба пешниҳод ва баррасии мавзӯи “Таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа” дар ҷаласаи навбатии Шӯро.


Баромадкунанда:

- Файзуллозода Заробиддин - вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода
Аъзои муваққатии Шӯро:
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Прадип Шривастава
Соҳибкори инфиродӣ Нигина Икромова
Директори ҶДММ «Моҳии тоҷик» Суҳроб Давлатов
Роҳбари ҶСК «Комбинати шири Кӯлоб» Одина Бозоралӣ
Директори ҶДММ «Баракати Исфара» Искандар Орифов
Директори ҶДММ «Спитамен Текстайл» Мирзоқодир Бақоев
Роҳбари ҶДММ «Ресандаи Тоҷикистон» Равзанабону Негматуллоева
Директори Ассотсиатсияи сайёҳии Эко-фарҳангии Помир Асадшо Зоолшоев
Директори кооперативи ташкилоти ҶДММ «Зиндагӣ» Зеваршои Рустам
Директори ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» Акмал Ҳомидов
Директори ҶДММ «Корвони Аср» Абдулло Ҳасанов
Директори ҶДММ «Рахш ЛТД» Асомуддин Ризоев
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
Вазири адлия Ашуриён Музаффар
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ
Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин
Вазири маориф ва илм Имомзода Муҳаммадюсуф
Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин
Вазири кишоварзӣ Салимзода Амонулло
Муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода
Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода
Раиси Кумити бехатарии озуқаворӣ Файзуллозода Муҳаммадсаид
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта
Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Ҷозефсон
Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон Валбурга Рус
Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Юрий Соболев
Роҳбари Намояндагии Доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Сабине Олдхоф
Директори Барномаи рушди бахши кишоварзии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Вулф Горетски
Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев
Роҳбари Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Валериу Кивер
Раиси Ассосиатсияи ТИКА Тарик Мете
Роҳбари минтақавии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Виорел Гутсу
Роҳбари лоиҳаҳои Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Масъуда Саидова
Коршиноси Намояндагии Доимии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Тарик Сахович
Директори ширкати «Шивер Тоҷикистон» Филип Марсийон
Директори ширкати «Соса Соla» Эзел Агаоглу
Файл:
  Загрузить

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

84158862_3444161078987387_1620872820164657152_o (1).jpg

Дар ҷаласа масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

84237241_3444162102320618_8323636440575508480_o.jpg

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, соддагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии Равзанаи ягона барои амалиётҳои содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ, тибқи занҷираи “ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш” ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

84384996_3444160492320779_3034595137100447744_o.jpg

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

84682610_3444160912320737_7012843719262994432_o.jpg

Дар ин робита вобаста ба маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106-умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2020, то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 7 фоиз, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, қабули “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида, тибқи механизми “Равзанаи ягона” оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ” дар шаҳри Душанбе ва аз 1-уми марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он давоми 10 рӯз баррасӣ гардидани он, иттилоъ дода шуд.

84935676_3444161338987361_8415985547473846272_o.jpg

Тибқи банди дуюми рӯзнома Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ баромад намуда, аз ҷумла лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P-иро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

84894654_3444161452320683_3835088096597114880_o (1).jpg

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин баромад карда, масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

1.jpg

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзанабону Негматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

2.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид